АНДЕША. Сулҳу амонӣ асоси зиндагӣ, хушбахтиву шодкомиҳо буда, ба туфайли он одамон бо хотири ҷамъ, баҳри ояндаи дурахшон, баҳри ободии диёру хонадони худ меҳнат мекунанд. Сулҳ шоистатарин неъмати рӯйи замин аст. Бале, мехостам дар бобати ин мавзӯъ фикру андешаҳоямро баён намоям. Сулҳ ва ҳаёт аз ҳам ҷудонашавандаанд, зеро агар сулҳу амонӣ бошад, он гоҳ шукуфоии дарахтон, болафшонии кабӯтарон, тулӯи офтоби зарринбол, нигоҳи гарми модарону хандаи беғаши кӯдакон ба назари кас таровиши зебое пайдо мекунанд. Хоби ором, хандаи кӯдакон, ҳузуру ҳаловати модарон, амалишавии орзуву ормони одамон ҳама аз сулҳу амонӣ бармеояд. Дар ситоиши сулҳ адибони бузурги тоҷик мисраъҳои ҷаззоб ва пурмаъно офаридаанд. Чунончи:
Сулҳ баҳорест, баҳор оварад,
Равнақу авҷу барор оварад.
Сулҳ шакарханди лаби кӯдакон,
Сулҳ ҳамоҳанги дили модарон.
Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон бо сулҳофарии худ шуҳратёр гардид. Маҳз бо кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарзамини мо сулҳу ваҳдат пойдор гардид. Эмомалӣ Раҳмон меъмори ваҳдат, сулҳ ва зиндагии осудаҳолонаи мардуми азобдидаи тоҷик гардид. Тавре ки огоҳ ҳастем, Президенти хирадманду ба халқ дилсӯзи мо гурезаҳои давраи ҷанги шаҳрвандиро ба Ватан баргардонд, манзилҳояшон, зиндагияшонро обод гардонд, ватан ва халқи тоҷикро аз фитнаю хунрезиҳо наҷот бахшид, миллати тоҷикро аз хоби ғафлат бедор карда, ба роҳи рост ҳидоят кард. Пешвои миллат тавонист ду гурӯҳи мухолифро дар муддати кӯтоҳ оштӣ диҳад, яъне ду тан бо ҳам омад, ғазаб аз байн рафту миёни онҳо дарахти сулҳу амонӣ решаи устувор давонд. Аз ин рӯ, барои миллати тоҷик санаи 27-уми июн санаи муқаддас – Рӯзи Ваҳдати миллӣ аст.
Умедаи Акрамзода, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти хатлон