Н.ХУСРАВ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо ҷалби аъзои ташкилоти ибтидоии деҳаи Олтинсой ва дастгирии раиси ташкилоти ибтидоии деҳа Бердиев Мумин Аксияи ҳизбии умуминоҳиявӣ таҳти унвонии «Ватан ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард!» баргузор гардида, дар роҳи даромади мавзеи 44- ҷашма 60 бех ниҳоли ороишии ҳамешасабзи арча шинонида шуд.
Масъулини Кумитаи иҷроия дар суҳбат қайд намуданд, ки мо раванди ободкориву созандагӣ ва сарсабзу хуррам намудани маҳалли зистамонро беш аз пеш густариш бахшем, сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватани азизи худамонро ба як гӯшаи гулзору сарсабз табдил диҳем.