Н.ХУСРАВ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири дар ҳамкорӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳиро миёни сокинон ба роҳ монда истодаанд.
Ин навбат масъулини Кумитаи иҷроия дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “20- солагии Истиқлолият” бо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда, нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишварро шаҳру тавзеҳ доданд.
Масъулин қайд намуданд, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, пешрафти устувор барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон дар зарфи солҳои истиқлолият дар мамлакат бо амалисозии барномаҳои давлатӣ ҷойҳои нави доимии корӣ ва мавсимӣ таъсис дода, шароити зиндагӣ сокинони мамлакат тадриҷан беҳтар гардид. Сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 19б 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд, ки аз ҷумла муҳимтарин дастоврдҳои даврони соҳбистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.