БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ НАВБАТИИ ВАКИЛОН ОИД БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

КӮЛОБ. Дар толори ташкилоти ибтидоии “Корези боло” бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб - Саймуминзода Фирӯз, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб  - Муҳаммадҷони Абдувоҳид ва мудири маркази матбуотии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо интихобкунандагони ташкилоти болозикр ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни суханронии хеш баромадкунандагон иброз доштанд, ки Паём ба сифати як ҳуҷҷати муҳиме, ки дурнамои яксолаи рушду инкишофи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишварро муайян месозад, боиси дастгирӣ ва омӯзиши пайвастаи ҷомеаи кишвар қарор гирифтааст. Ҳар кадом аз бандҳои Паём, ки дар навбати аввал ҷиҳати некуаҳволии ҷомеа нигаронида шудааст, хусусан омӯзиши китобҳои илмию бадеӣ, ки барои ҳар як шаҳрванд дар ташаккули суханронии эшон мусоидат хоҳад намуд. Бандҳои Паём дорои муҳтавои амиқи сиёсиву тарбиявӣ буда, ҳамзамон ба соҳаҳои муҳимми мамлакат, монанди илм, маориф, иқтисодиёту тандурустӣ низ равона карда шудааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg