ҚУБОДИЁН. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Фарҳангчиён” суҳбату вохӯриҳо доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ Расулова Шаҳриниссо оид ба Паёми имсола ибрози андеша намуда, қайд кард, ки ҳар як сокини кишвар Паёмро бо шарҳу тавзеҳаш сармашқи кори худ намояд, чунки дар Паём тамоми паҳлуҳои хоҷагидорӣ, тандурустӣ, маориф ва дигар самтҳои хоҷагии халқ соҳа ба соҳа таҳлил гардидаст.
Инчунин, дар идома вобаста ба дигар масъалаҳои муҳими рӯз мавсуф суханронӣ намуда, кормандони ташкилоти ибтидоиро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба 35 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риояи талаботи қонунҳои миллӣ роҳнамоӣ намуд.