БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ

ВОКУНИШ. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар бисёр кишварҳои дунё алалхусус дар Тоҷикистони маҳбубамон ҷавонон ба ҳайси як нерӯи бузурги бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёт эътироф гардидаанд, таҳкими нерӯи иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасавур кардан ғайри имкон аст. Аз ин хотир Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар ба ҷавонони худогоҳу ватанпарвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Зеро ҷавонони Ватан меросбарандаи давлату миллати куҳанбунёди Тоҷикистони азизамон мебошанд.

         Мутаассифона, гуруҳҳои ифротӣ бо ҳар роҳу васоит барои ҷалби мардум махсусан, ҷавонони ноогоҳ талош меварзанд. Яке аз омилҳои ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ин омили иҷтимоӣ мебошад. Вазъи иқтисодии ҷавононро ба инобат гирифта, таблиғгарони ғояҳои ифротӣ ба ҷавонон пулу мол ва сарвати зиёд ваъда менамоянд. Ҷавононе, ки ҷаҳонбинии хуби сиёсӣ надоранд, равандҳои ҷомеаи ҷаҳониро дарк карда наметавонанд, ингуна гуруҳҳои ифротиро дунболагири мекунанд.

         Бинобар ин, яке аз роҳҳои пешгирӣ ин баланд бардоштани маърифати динӣ  ва сиёсии ҷавонон, дуруст ба роҳ мондани корҳои таблиғоти нисбати ғояҳои гуруҳҳои ифротӣ ва инчунин фаҳмондадиҳии моҳият, оқибат ва паёмадҳои гуруҳҳои ифротӣ мебошад.

         Мебояд, мо ҷавонон барои Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум дар паҳлуи Пешвои милат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон софдилона ва содиқона устувор бошем.

Абдувализода Шукрона, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар н.Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg