БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КӮР БОД ЧАШМИ ДУШМАНОНИ ТОҶИКИСТОН!

ВОКУНИШ. Яке аз хусусиятҳои асосии миллати тоҷик доштани ҳисси мустақилӣ буда, дар тамоми давраи мавҷудияти худ онро талаб намуд ва барои ҳифзи он ҷоннисориҳои зиёд кардааст. Бинобар ҳамин, миллати тоҷик барои доштани ҳисси озодихоҳӣ ва дар тӯли таърихи гузаштаи худ ба ҳуҷумҳои бераҳмонаи душманони худ дучор шудааст. Гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик намегузорад, ки миллати мо тобеъ ва дастнигари миллатҳои дигар бошад. Гузаштагони миллати тоҷик ҳамеша дар бораи бузургӣ ва озодихоҳии миллати мо асарҳо офаридаанд. Онҳо озодӣ ва истиқлолиятро ганҷи беҳамто дониста, ҳамеша таъкид намудаанд, ки ояндагон бояд қадри онро бидонанд ва ҳаматарафа барои ҳифзи он талош варзанд. Дар вазъияти мавҷудаи муосир доштани истиқлолияти сиёсӣ яке аз рукнҳои асосӣ дониста мешавад, чунки бе доштани истиқлолияти сиёсӣ хеҷ миллате бақои худро ҳифз намуда наметавонад. Барои ҳифзи бақои миллат ва таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як фард фаҳмиши доштани истиқлолияти сиёсӣ амри ногузир мебошад. Ин нукта аз ҷониби Президенти кишвар борҳо зикр шуда, аз ҳар як сокини кишвар ҳоҳиш шудааст, ки ба қадри истиқлолият бирасанд ва онро чун «гавҳараки чашм» ҳифз намоянд. Хушбахтона, баъди саргардониҳои зиёди таърихӣ миллати тоҷик бо заҳматҳои фарзандони бо ору номусаш дубора соҳиби давлати мустақили ҳуқуқбунёди ягона гардид. Ба ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки қадри истиқлолиятро дониста, барои таҳкими он содиқона хизмат намояд ва барои ҳифзи он ҳамеша тайёр бошад. Мутаассифона, гурӯҳҳо ва нафароне ҳастанд, ки бо вуҷуди ҳамин қадар хиёнатҳое, ки карданд, боз ҳам Пешвои миллат бо онҳо созиш намуданд, бо онҳо аҳду паймони сулҳ бастанд, вале онҳо ба хотири ваъдаҳои дурӯғини хоҷагони худ ин аҳду паймонро шикастанд ва аз дӯсте, ки онҳоро бахшида буд, мансаб дода буд, расман шинохта эътироф карда буд ва имкониятҳои васеъ дода буд, буриданд ва ба душманони ин миллат ва ин давлат пайвастанд, чунки онҳо ба ихтиёри худ нестанд, балки бозичаи дасти душманон ва бадхоҳони ин миллат ва ин давлат ҳастанд ва намехоҳанд, ки ин миллат ва ин давлат рушд кунад ва тинҷу ором бошад.

Маҳмадсафарзода Мирзораҳим, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg