ДӮСТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҷамоати деҳоти Г.Гулмуродов" вобаста ба ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Давлатова Мавлуда, раиси ташкилоти ибтидоӣ Шомуродов Мирзо ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ Зардакова Назира ва Чориева Тамара иштирок ва суханронӣ намуда, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.