ВАХШ. Бо мақсади пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ масъулини Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус дар маркази ноҳияи Вахш Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Худ ва наздиконатонро эҳтиёт намоед»-ро баргузор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, дар мавзеъҳои сераҳолӣ ва нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, қаннодӣ, орду равған ва дигар ҷойҳои серодам варақаҳои тарғиботӣ паҳн карда шуд.