БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ РОҲКУШО БА ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ

ШАҲРИТУС. Дар муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов, гурӯҳи корӣ бо иштироки  муовини раиси ноҳияи Шаҳритус Раҷабзода Меҳринисо, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, ва дигарон вохӯрӣ доир гардид.

Дар баргузории мулоқот масъулин вобаста ба муҳтавои  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги  худ, ташаккули маърифати  сиёсии  ҷавонон, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, худдорӣ аз истифодаи сару либоси бегона, тарғибу ташвиқи хизмат дар сафи Артиши  миллӣ баромад  намуданд.

Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар баромади худ оид ба  “Роҳнамо барои ҷалби сарбозони ихтиёрӣ” маъраки даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ  андешаронӣ карда, иброз дошт, ки  хизмат барои ҷавонони синни даъватӣ қарзи шаҳрвандӣ мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg