БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ САОДАТМАНД ВА ИЛҲОМБАХШИ МО ҶАВОНОН

АНДЕША. Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 21 декабри соли 2021 ироа гардид, метавон ҳамчун падидаи ҳуқуқӣ -кониститутсионӣ фарогири тамоми соҳаҳо дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ арзёбӣ намуд.

Омӯзиши муҳтавои он мо ҷавононро водор месозад, ки Паёмро модели хулосабарорӣ, мақсадгузорӣ ва дар ҳамин замина дарёфти роҳ ба  сӯи саодатмандӣ ва муваффақият дар ҳаёт ҳисобем. Амалишавии ин маром, пеш аз ҳама ба рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, беҳтар кардани шароити зиндагии шоиста  ва бо назардошти ҳимояи манфиатҳои миллӣ иҷрои талаботи ягона  ҷиҳати ворид намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рейтинги давлатҳое, ки дорои нерӯи зеҳнии  рақобатпазиранд, нигаронида шудааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешавад; сол ба сол афзоиш ёфта дар соли таҳсили 2021 ба беш аз 42 ҳазор  нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст. Ҳар сол беш аз 5 ҳазор  нафар ҷавонони  боистеъдоди мо барои таҳсил ба мактабҳои  олии  хориҷи кишвар фиристода мешаванд.

Зикр гардид, ки ҳадафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ташаббусҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмӣ дар кишвар мебошад.

Мо ҷавонон бо дарки муҳтаво, мақсаду маром ва ҳадафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сиёсати муваффақона, ташабусҳои доимӣ ва оқилонаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, барои татбиқи босифати онҳо, рушди нерӯи зеҳнӣ ва такмили истеъдоди азалии худ, аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, дар рушди тараққиёти Ватани азизамон, инчунин бобати муаррифии миллати соҳибилму соҳибтамаддуни тоҷик, ки аз азал соҳиби нерӯи беназири зеҳнӣ, қаламу китоб ва ҳунар буданд, саҳмгузорӣ хоҳем кард.

Раҷабализода Ҳокималӣ, мудири бахши ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg