БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ ПАЁМ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ФАРХОР. Дар Гимназияи давлатии №1 –и ноҳияи Фархор вохӯрии намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизби  ташкилоти ибтидоии “Маҳаллаи №10” оид ба шарҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Дар мулоқот  масъулин зимни суханронӣ иброз доштанд, ки роҳи тайкардаи кишвари соҳибистиқлоли мо дар давоми сӣ соли гузашта, инчунин, дастовардҳое, ки мо дар ин муддат ба онҳо ноил гардидем, як нуктаи бисёр муҳимро возеҳу равшан собит сохтанд.  Мардуми  шарафманди тоҷик метавонанд дар шароити мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавӣ Ватани муқаддаси худро ҳифз кунанд, онро боз ҳам обод намоянд ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд. Дар ин давра маҳз бо шарофати заҳмати содиқонаи халқи азизи Тоҷикистон ва дастгириву пуштибонии хурду бузурги кишвар аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумат мо мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоиро бартараф сохта, як кишвари орому босубот ва рӯ ба тараққиро бунёд намудем.

Мо барои ояндаи неки мардумамон, ба хотири тақвияти иқтидори иқтисодии давлатамон, ободии Ватанамон ва муҳимтар аз ҳама, мунтазам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии халқамон пойдевори мустаҳкам гузоштем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg