БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ДАР САФИ ПЕШИ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ!

ВОКУНИШ. Яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, терроризму ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, дар ҳама давру замон ба ҷомеаи ҷаҳон зарарҳои ҷиддиро ба миён овардааст. Чи тавре огаҳӣ дорем мутаассифона дар замони мо гурӯҳҳои характери эстремистию террористӣ дошта кам нестанд, ки метавон ба ин гурӯҳи Толибонро мисол овард. Тариқи ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ дида истодаем, ки  давлати Исломии Афғонистон дар чи аҳвол аст, фишор, хунрезиҳои зиёд, зарар ба давлат, ки халқи оддиро ба гуруснагию фавт оварда расонидааст, ё ин  ки   дар якчанд рӯзҳои охир дар давлати Қазоқистон ба амал омад, бо ҳуҷуми гурӯҳҳои террористӣ дар ин давлат, дар як муддати кӯтоҳтарин бо амалҳои нопоки худ ба давлат беш аз миллардҳо зарари иқтисодӣ расонида  даҳҳо нафарон ҷони худро аз даст доданд. Гурӯҳҳои террористию эктремистӣ, ки бо сад ҳиллавқу найранг  худро ғамхору дилсӯзи миллат нишон медиҳанд, ғайр аз зарар овардан ба миллату давлат мақсади дигар надоранд. Ин гурӯҳҳои зарарасон дар зери шиорҳои бофтаю хаёлӣ фирефтаи таълимоти гӯё динӣ ҷавононро даъват намуда, мехоҳанд ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд ва ҷавонон, ки ҳассостарин табақаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд, аз рӯи камсаводӣ баъзеи онҳо фирефтаи чунин гурӯҳҳо мешаванд. Чи тавре тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ мекунем,  гурӯҳҳои характери ифротгародошта дар хориҷи кишвар, бо забони тоҷикӣ барномаҳои иғвоангезонаи худро пеш мебаранд, аз давлату ҳукумати мо танқид карда, ният доранд тариқи саҳифаҳои иҷтимоӣ мардумро бар зидди ҳукумат ба шӯр хезонанд. Вале эътирозҳои дар кишварҳои Қазоқистон баамаломада, ки харобиҳои зиёдро дар пай дошт, гувоҳи он аст, ки инқилоби халқ боиси марги ободӣ ва марги миллат аст. Лаънат ба чунин ҳамзабон, ки аз дур истода, нисбати давлату миллати мо ҳарфҳои ноҷо мезананд. Ҳақиқат он, ки чунин афрод худ то ҳол барои миллату давлати худ кореро ба анҷом нарасондаанд, лек тарзе ҳарф мезананд гӯё амали некеро анҷом дода истода бошанд. Мо ҷавонони боору номуси кишвар,  ояндасозони давлату миллат бояд нагузорем то чунин шахсон бо найрангбозиҳои худ ба давлату миллати мо зараре расонанд. Таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯриҳояшон бо ҷавонон пайваста ҷавонони мо бояд зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд мегӯянд хеле ба маврид аст ва ман як ҷавони даврони соҳибистиқлоли кишвар, ки дар як давлати ободу зебо умр ба сар бурда истодаам,  ҳамаи ҷавонони боору номуси кишварро  даъват менамоям, ки  гурӯҳҳои характери террористию экстремистидоштаро маҳкум намуда, пайваста дар фикри корҳои ободонию созандагии кишвари азизамон- Тоҷикистон шудан лозим. Имрӯз вазифаи мо ҷавонон нигоҳдории дастоварди бузургтарини кишвар истиқлолият, пойдории ваҳдату ягонагӣ, ҳимояи ватан, донишомӯзӣ, аз худ кардани касбу ҳунар, ободу боз ҳам зебо намудани кишвари азизамон бошем.

Зинда бош эй ватан, Тоҷикистони озоди ман!

Нуруллоев Саъдулло, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg