АНДЕША. Рӯйдодҳое, ки рӯзҳои охир дар Бадахшон ба амал омада буд, мо ҷавонон ва истиқоматкунандагони кишварро парешонхотиру нигарон намуд. Дар шароити феълии вазъи душвору мураккаби сиёсии минтақа нооромиҳо дар шаҳри Хоруғ хеле хатарнок аст. Зеро ин ҳама нооромиҳо ба парокандагии омма ва нофаҳмиҳо байни сокинон хоҳанд гашт. Аз ин лиҳоз, аз мардуми сарбаланди Бадахшон даъват ба амал оварда мешавад, ки ақли солим ва маърифати баланди худро кор бурда, бо мақсади осеб наёфтани амнияту осоиши кишвар, хусусан минтақаи кӯҳии Бадахшон ба ҳар гуна қонуншиканиҳо даст назананд. Ҳамчунин зиракии сиёсиро аз даст надода, ба чунин гурӯҳҳои ифротӣ ва иғвоангез шомил нагарданд, то нигини Бадахшон – шаҳри зебои Хоруғ чун пештара як минтақаи орому осуда ва шаҳри сайёҳию диданбоб бимонад.
Нуктаеро набояд фаромӯш сохт, ки барои гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва душманону бадхоҳони миллат амнияту осоиши кишварамон заррае ҳам арзиш надорад ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин тоифа гурӯҳҳо аз ҳолати ба амаломада истифода намуда, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мардумро ба ноамниву бесуботӣ ва қонуншиканӣ даъват менамоянд. Мехоҳанд ба ин васила ба сулҳу суботи давлатамон халал ворид намоянд. Чун намехоҳанд давлати соҳибистиқлоламон мисли давлатҳои пешрафта ва аз лиҳози амнияту осоиштагӣ яке аз кишварҳои пешсаф бимонад, зеро тибқи нишондодҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори “даҳгонаи давлатҳои амнтарин” шомил аст. Аз ин хотир мо шаҳрвандони кишварро зарур аст дар қазияи ба миёномада дар Бадахшон бетараф набошем, чун ки бетарафӣ нишони бехирадӣ аст. Ин ба ҳама маълум аст, ки мардуми сарбаланди Бадахшон ватандӯсту меҳанпараст ва дорои фаросату маърифати баланд ҳастанд. Бовар дорем, ки ин лаҳзаҳои ҳассосро бо сарбаландӣ ва дарки масъулияти ватандорӣ пушти сар хоҳанд кард. Ба назари мо дилхоҳ моҷаро бо сабру таҳаммул ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳаллу фасл мешавад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки ҳодисаҳои дар Бадахшон ба вуқӯъ омадаро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ мекунанд ва қонуншиканҳо дар назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт.
Яке аз неъматҳои пурарзиштарин ва бебаҳо ин сулҳу ваҳдат ва амнияту субот ба ҳисоб меравад, ки бисёре аз халқиятҳои ҷаҳон аз ин маҳрум мебошанд ва мо шаҳрвандон шукр аз он мекунем, ки Ватани маҳбуби мо – Тоҷикистони азиз ин неъмати бебаҳо ва муқаддасро дорост. Дар ба даст овардани сулҳу суботи сиёсӣ мардуми Бадахшон низ саҳми назаррас доранд ва бояд донанд, ки ҳар нохалафе, ки дар зеҳнаш ҳавои ба ҳам задани сулҳу суботи Ватани маҳбубамонро дорад, “хоини миллат” аст. Дар анҷом ба мардуми сарбаланди Бадахшон гуфтанием, ки бо сабру таҳаммул бошед, то чунин нооромиҳо ва бесарусомониҳо дар ин минтақаи кӯҳии кишварамон анҷом ёбанд. Ҳамеша сарбаланду муввафақ бимонед, ҳамватанони азиз!
Насима Ғаффарова, сокини ноҳияи Ҷайҳун