Н.ХУСРАВ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар боғи фарҳангии ноҳия бо ҷалби ҷавонон, аъзо ва ҷонибдорон, волонтёрони ҳизбӣ Аксияи ҳизбӣ умуминоҳиявӣ таҳти унвони «Ватан, ҳар гӯшаатро гулзор хоҳем кард!» баргузор намуда, дар майдони Парчам ва Нишони давлатӣ ки сохтмонашон дар арафаи анҷомёбист, дарахтони ҳамешасабз ва гули садбарг шинониданд.
Масъулини Кумитаи иҷроия баромад намуда, қайд намуд, ки мо раванди ободкориву созандагиро беш аз беш густариш бахшем, сарҷамъу муттаҳид бошем, камбудиву норасогиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, Ватани азизи худамонро ба як гӯшаи гулзору сарсабз табдил диҳем.