БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОМӮЗИШИ ПАЁМ БО СОКИНОН

МУЪМИНОБОД. Бо мақсади расонидани муҳтаво ва шарҳу тавезҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати шаҳраки Муъминобод бо иштироки раисони кумитаҳои маҳалла, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, фаъолону сокинон вохӯрӣ доир карда шуд.    

Дар ҷамъомади мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Мирзобаротзода Салоҳиддин ва раиси ҷамоати шаҳраки Муъминобод Мирзошарифзода Сабоҳат иштирок намуда, вобаста ба нуктаҳои Паём суханронӣ намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроия зимни баромади хеш ба самтҳои афзалиятноки Паём таваҷҷуҳ намуда, иброз дошт, ки бо мақсади дастгирӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар шароити тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ, бахусус, хушксолӣ ва обхезӣ, паҳншавии бемории КОВИД–19 дар ду соли охир ва пешгирӣ кардани таъсири манфии он кишоварзони мамлакат дар соли 2021 аз пардохти андоз аз истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, яъне андози ягона озод карда шуданд. Ин иқдоми мазкур боиси афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли ҷорӣ нисбат ба соли қаблӣ гардидааст.

Раиси ҷамоати шаҳрак таваҷҷуҳи ҳозиринро бештар ба вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, сабзу хуррамгардонии шаҳраки Муъминобод ва дигар масъалаҳои ҷорӣ ҷалб намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg