ҚУБОДИЁН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Куҳандиз ” вохӯрӣ дар мавзуъи “Ҷавонон татбиқгари Паёми Пешвои миллат” доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобуддин бо хонандагони сифҳои болоӣ доир ба мафҳум ва моҳияти Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва экстремизму терроризм, моҳияти пайдоиши терроризм маълумот дода қайд намуд, ки дар олами имрӯза масъалаи мубориза бар зидди терроризм ба яке аз масъалаҳои муҳим тадбил ёфтааст. Дар замони муосир терроризм хусусияти иртиҷоиро пайдо намуда, террористон барои расидан ба ҳадафҳои худ даст ба куштори одамони бегуноҳ зада, воситаи асосии мубориза бр зидди ҳокимият, барои ҳимояи манфиатҳои гурӯҳӣ, қавмӣ, этникӣ ва нажодӣ гардидааст. Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, афзудани раванди экстремизм, ифротгароӣ ва терроризм ба ҳисоб меравад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад. Аксар ин амалҳо зери ниқобу шиорҳо ва арзишҳои динии бебунёд сурат мегиранд.моро зарур аст бар зидди ин гуна падидаҳои номатлуб вокунишҳо нишон дода, ҳар порча хоки муқаддаси Ватанро аз хатарҳои ҷаҳони муосир муҳофизат намоем.