ЁВОН. Зимни баргузории ҳашарҳои дастҷамъона дар ташкилотҳои ибтидоии ноҳияи Ёвон беш аз 1000 бех ниҳолҳои ҳамешабзу ороишӣ шинонида шуд. Дар рафти ҳашарҳо, ки бо иштироки сокинони қариб ҳама деҳаву маҳаллаҳо, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ баргузор гардид, раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро бевосита ширкат варзида, ҳамроҳи аҳолӣ навъҳои гуногуни ниҳолҳои арча, инчунин, барои вусъат додани соҳаи кирмакпарварӣ дарахтони тут шинониданд.
Раиси ноҳия зикр намуд, ки ҳар яке аз масъулин ва ҳар як фарди худогоҳ дар мавсими ниҳолшинонӣ бояд шумораи ҳарчӣ бештари дарахтони ороишию соядор ва мевадиҳанда сабз намуда, ба ин васила дар таъмини ҳифзи муҳити зист саҳмгузор бошад. Ҳамчунин, дар ин рӯз раиси ноҳия аз рафти корҳои сохтмонӣ дар корхонаи бунёдшавандаи “Саффир” (оид ба коркарди пахта) дидан карда, бо ҷараёни таъмири хатти обгузари яке аз шохобҳои асосӣ дар ҳудуди деҳаи Кӯлободи деҳоти Чоргул шинос шуд.