ДАНҒАРА. Бо иштироки бевоситаи муовини якуми раиси ноҳияи Данғара Холзода Каромиддин, Каримзода Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар ноҳия дар ҷамоати деҳоти Лолазор бо фаъолон ва аҳолии ҷамоати номбурда оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, мулоқот доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур зикр гардид, ки Паёми Роҳбари давлат роҳи рушди давлатдории навинамонро муайян намуда, барои расидан ба ҳадафҳои олӣ заминаи воқеӣ мегузорад.
Дар идома оид ба хатарҳои замони муосир, пешгирии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, тарбияи ахлоқии ҷавонон, пешгирии пошхӯрии оилаҳо, тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон, иштироки фаъолонаи сокинон дар корҳои ободонӣ ва дигар масъалаҳои муҳим таъкидҳо карда шуд.