АНДЕША. Ҳамаи мо хуб медонем, ки ҳамасола Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа мегардад ва Паёми пурарзиши Сарвари давлат ин роҳкушову роҳнамои нақшаҳои ояндаи мо ҷавонон маҳсуб меёбад.
Бояд қайд намоем, ки ҳадафи асосии Роҳбари давлат ин баланд бардоштани сатҳи саводу маърифату тафаккури сокинони кишвар, пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон мебошад. Бедор намудани ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳуввияти миллӣ, эҳтиром гузоштан ба забон, таъриху фарҳанги қадимаи тоҷикон, тавсеаи ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои табииву дақиқ яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи Пешвои миллат ба шумор меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми хеш такрор ба такрор иброз медоранд, ки “Ҷавонон ояндаи давлату миллатанд” ва бинобар ин сабаб ба ҷавонону наврасон диққати авалиндараҷа медиҳанд. Дар Паёми имсола низ Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки “Барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан ҷавононро зарур аст, ки илму дониш омӯзанд, хусусан илмҳои риёзӣ табиӣ, дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад.”
Бояд қайд намоем, ки диққати Сарвари давлат ба таълими фанҳои дақиқ, табиӣ, риёзӣ ва омӯзишӣ забонҳои хориҷӣ боиси таҳсин аст, зеро он ба пешравии мо ҷавонон ва рушди кишвар мусоидат хоҳад кард.
Хулоса ҳамаи ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат ба хотири мо ҷавонон аст, пас ҳар як ҷавони ватандӯсту ватанпарвар ва бонангу номуси кишварро зарур аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи ин марди Худодод тамоми саъю талоши худро бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ баҳри рушд ва тараққиёти Ватани азизамон сафарбар намоем.
Мирзоева Г., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ