БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ТОЗАГИЮ ОБОДОНӢ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ВОСЕЪ. Бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ корҳои нармкунӣ ва тозагӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Зимни корҳои ободонӣ иштирокдорон бехи дарахтони сояафкан ва гулҳои ороиширо нарм карда, роҳраву назди биноҳои маъмуриро аз партову алафҳои бегона тоза карданд.

Бояд қайд намоем, ки сокинони ноҳияи Восеъ баҳри тозаву озода нигоҳ доштани ноҳияи худ пайваста чунин корҳои тозагии дастаҷамъонаро ташкилу баргузор менамоянд ва бо ин васила саҳми хешро баҳри ободиву гулгулшукуфоии кишвари азизамон мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg