БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ –ПЕШРАФТИ УСТУВОР БАРОИ РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГӢ

Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав дар якҷоягӣ бо гурӯҳхои  муштараки  корӣ  вобаста ба шарҳу тавзеҳи  нуктаҳои  Паёми  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии   Тоҷикистон  мулоқоту суҳбатҳоро ба роҳ монда истодаанд.

Ин  навбат масъулини Кумитаи  иҷроия дар  ташкилоти  ибтидоии “Бахши  фарҳанг” вохӯрӣ доир намуда, қайд  карданд, ки  Паёми  Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  Маҷлиси  Олӣ, пешрафти  устувор  барои  расидан  ба  ҳадафҳои  стратегии  кишвар мебошад.

Президенти  мамалакат  ҷомеаро  аз  хатарҳои  муосири  геополитикӣ  бо  назардошти вазъи  ҷаҳони  имрӯза, бархурди  манфиатҳои  давлатҳои  абарқудрат, огоҳ намуда оид  ба  вазъи  сиёсии  имрӯзаи  кишварҳои  ҳамсоя, бахусус  Афғонистон маълумоти  муфассал  доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg