БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САФИ АЪЗОИ ҲХДТ РӮ БА АФЗОИШ ДОРАД

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоӣ-ҳизбии “Пахтаи рушди Хатлон”-и ноҳия  вохурии навбатии масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид.

Зимни вохурӣ масъулин Алиев Зафар оид ба мақсаду маромҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, пешравиҳои он дар замони Истиқлол  ибрози назар намуда, қайд кард, ки ҲХДТ зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шостаи мардум” фаъолияти худро ба роҳ мондааст ва ҳамеша талош бар он дорад, ки дар хизмати халқ бошад.  Инчунин,  масъулин оид ба муҳтавои Паёми Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки соҳаи саноати кишвар дар мадди назари Пешвои миллат қарор дошта, бо дарназардошти рушди саноати кишвар Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026-ро “Солҳои рушди саноат”  эълон карданд, ки ҳар яки моро зарур аст дар рушди саноати кишвар саҳми муносиб гузорем. Дар фарҷоми вохӯрӣ ба аъзои нави ба сафи ҳизб қабулшуда шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg