БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲҲО - ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО

БАЛҶУВОН. Дар урфият мегӯянд, ки роҳҳо  пайвандгари қалбҳост. Ҳамин тавр ҳам ҳаст. Зеро мардум таввасути онҳо бо ҳам наздик мешаванд муомилот, доду гирифт менамоянд,зарурати худро мебароранд ва аз ҳама асосӣ бо ҳам дӯсту бародар мегарданд.  Давлату ҳукумат, алалхусус, Сардори давлат ба ин ҷиҳати масъала аҳмияти аввалиндараҷа додаанд, ки ин барои мо сокинон боиси ифтихору сарфарозист.

Сокинони кӯчаҳои деҳаи Хироб низ иқдом гирифтанд, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ   дохили деҳаро сангфарш намуда, барои худ ва дигарон шароити хуби зиндагиро дар ҳама фаслҳои сол фароҳам оваранд.  Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  ва дастгириҳои соҳибкорони ватандӯст, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон,  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Балҷувон Ҷамолов Садриддин  300 метр роҳи байни деҳаи Хироб сангфарш карда шуд.

Сокинони деҳаи Хироби ноҳияи Балҷувон дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!”  ба ҳашари дастаҷаъмона баромада дар тахту ҳамвор кардани роҳ кумаки хешро расониданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg