Ҷ.БАЛХӢ. Вобаста ба тарғиби нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ байни ҷавонон вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни суҳбат Нуруллоев Саъдулло мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроия иброз дошт, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар муждаи нек барои рушди бештари кишвари азизамон буд. Боиси ифтихору сарфарозист, ки Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ҷавононро доимо зери таваљљуњи худ ќарор дода, пайваста дастгирӣ менамоянд, ки ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар бори дигар ба исбот расонида, бо изҳори боварӣ ва қаноатмандӣ иброз доштанд, ки “Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаҳои онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонем”. Дар идома мавсуф таъкид дошт, ки мо ҷавононро ба таври ҳатмӣ зарур аст, ки дар ҷавоб ба дастгириҳои доимии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти бузург ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо намуда, ба хотири рушди рӯзафзуни кишвари биҳиштосоямон ҳамчун созандагони фардои Ватан хизмати арзандаро ба ҷо орем.