ҶАЙҲУН. Дар маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази саломатӣ” вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод, муовини раиси ноҳия Бахтдавлатзода Гулбаҳор ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидшо Асроров бо аъзову ҷонибдорони ҲХДТ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ доир гардид.
Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод вобаста ба ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки дар он тамоми самтҳои рушди сиёсӣ ва иҷтимоӣ, иқтисоду саноат ба хотири баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум ба шумор меравад, ба ҳозирин ибрози андеша намуд.
Сипас, муовини раиси Кумитаи иҷроия дар ноҳия Зайдуллоев Муҳаммадҷон ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидшо Асроров вобаста ба муҳтавои Паёми Пешво ва ҳадафҳои барномавии ҲХДТ суханронӣ намуданд.
Дар охир аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия ба тамоми раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзову ҷонибдорони ҳизб дар ноҳияи Ҷайҳун дастур дода шуд, ки пайваста сиёсати оқилонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, андешаву вокунишҳои худро бар зидди маводҳои муғризонаи ифротгароён пешниҳод намоянд.