БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ ПАЁМ - БЕҲБУДИИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ

Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  ҷиҳати  шарҳу  тавзеҳи нуктаҳои  Паёми  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ҳамарӯза    дар  байни  кормандони  ташкилоту  муассисаҳои  ноҳия  мулоқоту суҳбатҳоро роҳандозӣ  намуда   истодаанд.

Дирӯз дар  муассисаи  таҳсилоти миёнаи  №26 бо  омӯзгорон ва  хонадагони  синфҳои болоии  муассиса суҳбату  вохӯриҳо баргузор  гардида,  нуктаҳои  Паёми  имсола  ва  дастуру  ҳидоятҳои    Пешвои  миллат,   Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 Баромадкунандагон зимни суҳбат қайд  намуданд, ки дар  Паёми  имсолаи   худ  Президенти  мамлакат  таъкид  карданд, ки рушди соҳаи маориф ва  бунёди  маорифи  миллиро ба роҳ  монда, ғамхорӣи  нисбати  маориф роҳандозӣ гардид.  Зеро бунёди  миллат аз  маориф  оғоз  мегардад.  Бо  ҳамин  мақсад  дар Паём  ба  роҳбарони  муассисаҳои  таълимӣ  супориш  дода  шуд, ки  ба  баланд бардоштани  сатҳи  дониши  хонандагону омӯзгорони ҷавон   чораҳои  зарурӣ  андешанд.  Зарур  шуморида  шуд, ки  таълими  забонҳои  хориҷӣ, бахусус  забони  русӣ  беҳтар  ба  роҳ монда  шавад.      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg