БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ МИЁНИ СОКИНОН

ҲАМАДОНӢ. Дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрии раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Бозоралӣ Неъмат, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Аббос Саидмуминзода  бо раисони  ташкилотҳои  ибтидоии ҳизбии  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо фаъолони  ҲХДТ баргузор гардид.

Одиназода Бозоралӣ Неъмат дар суҳбат қайд намуд, ки   ҳадафи олии давлат ва ҳукмати мамлакат беҳтар кардани шароити зист ва баланд  бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад. Дар ин ҷода, дар 20-соли охир  се ҳуҷҷати  стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ду барномаи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва стратегияи  дарозмуддати  рушди кишвар амалӣ гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Аббос Саидмуминзода қайд намуд, ки дар Паёми имсолаашон  Пешвои миллат  иброз доштанд, ки  дар 30-соли соҳибистиқлолӣ аҳолии кишвар аз 5,5 млн нафар ба 9.8 млн нафар, яъне 1.8 баробар зиёд гардид  ва соли 2022 аҳолии кишвар ба 10 млн нафар мерасад. Сатҳи камбизоатӣ аз 83%-и  соли 1999 ба 26.3% дар соли 2019 коҳиш дода шуд. Дар замони истиқлолият 400 ҳазор оила соҳиби заминҳои наздиҳавлигӣ барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ гардиданд. Ин гувоҳи хуб шудани зиста зиндагии мардуми тоҷик дар давоми соҳибистиқлолӣ мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg