ЁВОН. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар ҳудуди ноҳия вохӯриҳои гурӯҳҳои корӣ бо маром идома дорад.
Чунин, як вохӯрии судманд бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимзода Толибхон дар ҷамоати деҳоти Норин бо интихобкунандагон доир карда шуд. Дар рафти баргузории вохӯрӣ фаъолони ҳудуди ҷамоат, омӯзгорон, занон ва ҷавонон иштироки фаъолона намуданд. Дар вохӯрӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ роҷеъ ба муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда шуда, таъкид гардид, дар Паём тамоми паҳлуҳои ҳаёти имрӯзаи мардуми кишвар баррасӣ шуданд. Хосса нақш ва манзалати занону ҷавонон дар идоракунии давлатӣ баланд гардида, андозаи аз 20 то 25 фоиз зиёд гардидани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, вазъи имрӯзаи Афғонистон, соддагардонии низоми андозбандӣ, рушди илму маориф ва фарҳанг, тандурустӣ ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” андешаронӣ намуд. Аз ҷониби иштирокдорон баромади эшон хуш пазируфта шуда, таъкид гардид, ки дар пайи амалӣ гаштани Паёми мазкур талош меварзанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби иштирокчиён ба вакили мардумӣ саволу пешниҳод ва дархостҳо пешниҳод карда шуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.