БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - ТАТБИҚКУНАНДАИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА

ШАҲРИТУС. Дар  ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров, гурӯҳи корӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия Раҷабзода Меҳринисо, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия, сардори шуъбаи Кумитаи амнияти ноҳия,  мудири шуъбаи маориф, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбари ҷавонони “Авангард”-и ноҳия, мулоқоту вохӯрӣ бо иштироккунандагон, аз он ҷумла, раис ва кормандони ҷамоат, собиқадорони ҳизб, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаи маҳаллаву деҳотҳо, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҷавонон ва намояндагони дигар соҳаҳо иштирок  намуданд.

Ҳамчунин, дар баргузории мулоқоту вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Раҷабзода Меҳринисо, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия ва сардори шуъбаи Кумитаи амнияти ноҳия, оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги худ, ташаккули маърифати сиёсии ҷавонон, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни террористӣ-экстремистӣ, худдорӣ аз истифодаи сару либоси бегона, тарғибу ташвиқи хизмат дар сафҳои Артиши  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баромад  намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg