БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВО - РОҲНАМОИ МО БА СӮИ ФАРДОИ НЕК

ҲАМАДОНӢ. Дар деҳаи Меҳрвари ҷамоати деҳоти Чубек вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар якҷоягӣ бо Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим бо сокинон оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Зимни баромад муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳимҷон Шарипов оид ба  Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат суханронӣ намуда, қайд кард, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат фарогири тамоми ҷанбаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ буда, роҳнамои мо ба сӯи фардои нек аст.

Инчунин, дар бораи пешгирии бемории сироятии Ковид-19 суханронӣ шуда, қайд гардид, ки эмгузаронӣ воситаи асосии пешгирӣ мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg