“Мо ба масъалаи ҷавонон барои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем, ки онҳо ояндаи миллату давлатанд… Бинобар ин, Шумо бояд дар маҷмӯъ сиёсати давлатро доир ба тамоми соҳаҳо ҳамчун сиёсати давлатии ҷавонон қабул карда, дар татбиқи он такягоҳи асосӣ бошед. Ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, мақсад аз он пеш аз ҳама беҳбудии ҳаёти Шумо -ҷавонон ва ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон аст”.
Эмомалӣ РАҲМОН
АНДЕША. Дар тамоми кишварҳо ба ҷавонон аз ҷониби давлату Ҳукумат таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад, чунки ҷавонон неруи қавии пешбарандаи ҳар як давлат ва ҷомеа мебошанд. Ҷаҳони муосир тақозои онро дорад, ки ҷавонон на танҳо ҷисман, балки қувваи ақливу зеҳнии боқувват дошта бошанд. Зеро илму дониш, ақидаву идеаҳои нав яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеаву давлат ба ҳисоб меравад. Насли ҷавонро зарур аст, ки илму техникаи замонавиро аз худ карда, забонҳои хориҷиро омӯзанд ва дар корҳои сиёсии мамлакат иштирок намоянд. Ба ин васила метавонанд мавқеву ҷойгоҳи хешро ҷомеаи муосир пайдо кунанд. Кору фаъолияти ҷавонон дар ҳоле шарафманд аст, ки агар дар ободкорию созандагии Ватан саҳмгузор бошанд.
Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Дар доираи татбиқи ҳадафмандонаи сиёсати давлатии ҷавонон бо ибтикори пайвастаю пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат барои наврасону ҷавонон тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст ва пеш аз ҳама, баррасии масъалаҳои рӯзмарраи ҷавонон, дастгирии ташаббусҳои созандаи онҳо баҳри рушди самтҳои гуногуни ҷомеа, мусоидат намуда, дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бошуғл фаро гирифтани онҳо, баланд бардоштани ҳисси меҳанпарастӣ ва пешгирии гаравидани бархе аз ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротиву тундгаро ва ҷалби ин неру ба тавсеаю тақвияти корҳои ободонию созандагӣ дар пойтахти мамлакат яке аз мақсадҳои асосӣ ба шумор меравад.
Агар ба таърихи 30 – солаи Тоҷикистон назар кунем, хоҳем дид, ки ин ҳама пешравиҳо дар натиҷаи меҳнати пурсамари Пешвои миллат бо такя ба қишри муҳими ҷомеа - ҷавонон ба даст оварда шудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои тарбияи ҷавонон як зумра қонуну санадҳо қабул кардааст, ки барои фаъолияти озодона ва сареҳияти кори онҳо шароити васеъ фароҳам меорад.
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Барномаи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019-2022» ба тасвиб расидааст, ки қарори мазкур бо мақсади фароҳам овардани имконоти муассир ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, фарҳангсолорӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ, инсондӯстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ пешбинӣ гардидааст. Тибқи қарори мазкур, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози татбиқи барномаи мазкур муайян карда шудааст.
Инчунин, барои пешрафту дастгирии ҷавонон ва бо мақсади татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон беҳгардонии вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва фаъолнокии сиёсии ҷавонон дар шароити ҷомеаи муосир, пурзӯр намудани нақши ҷомеа дар таълиму тарбияи ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати кишвар дурнамо ва пешрафти онҳо ҳамеша Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон қабул карда мешавад. Ин иқдом дар партави дастгириҳои доимии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади тарғибу ташвиқ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии падидаҳои номатлуб ва шукргузорӣ аз имконоту шароити созгар баҳри ҳамарӯза машғул шудан ба фаъолияти варзишиву солимгардонӣ равона мегардад.
Имрӯз варзиш дар ҷаҳони муосир аз маъмултарин соҳаҳое дониста мешавад, ки ҳар нафари ба он машғул ҳамеша тандуруст, неруманд, чусту чолок ва рӯҳану ҷисман солим мебошад.
Замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва ғамхории Ҳукумати кишвар дар ин ҷода варзишгарони тоҷик ба дастовардҳои зиёд ноил гардидаанд. Новобаста аз баъзе мушкилоти ҷойдошта соҳаи варзиш сол то сол рушд мекунад. Дастовардҳои панҷ соли ахири варзишгарони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ тавонист намудҳои гуногуни варзиши моро муаррифӣ кунад. Боварӣ аст, ки ҷавонон ва варзишгарони кишвар ин ҳама имконияту дастгириҳои кишварро ба инобат гирифта, боз ҳам дар оянда бо маҳорату малакаи варзишӣ ва бо ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ парчами кишварро миёни дигар давлатҳо баланд мебардоранд ва саҳми худро дар рушди варзиши Ватан мегузоранд.
Дар ҷомеаи муосир нақши ҷавонон дар пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, қувваи созанда буда, ободию озодии Ватанро метавонад ба хубӣ таъмин созад. Ҳоло ҷавонон дар ҳамаи самтҳо фаъолияти назаррас дошта, барои рушди бахшҳои гуногун дар ташкилоту идораҳои дахлдор ва соҳибкорӣ саҳм гузошта истодаанд.
Умедҷони КАРИМХОН, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод