БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРДУМИ БАРОДАРИ ҚАЗОҚ ҲЕҶ ГОҲ БА АМАЛҲОИ НОҶАВОНМАРДОНАИ ИФРОТИЁНИ НОХАЛАФ РОҲ НАДИҲЕД!

ВОКУНИШ. Мо - мардуми  шарифи  тоҷик и ба бародарони Ҷумҳурии Қазоқистон    муроҷиат намуда,  даъват  ба  амал  меоварем, ки  ба  найрангҳои  навбатии  душманони  миллату давлати Қазоқистон, нотавонбинонии аъмо, ҷоҳилу нотавонбине, ки бо дастгирии хоҷагони зархаридашон ба  сари сокинони   шаҳрҳои  Қазоқистон аз ҳисси бадбиниву   ҷаҳолат нисбати  сулҳу  суботи  комил  барохтан мехоҳанд,  ҳеҷ  гоҳ иҷозат  надиҳед. 

Ҳодисаи  нангине, ки  дар  дар  шаҳрҳои  калони  кишвар аввалҳои  моҳи  январи  соли ҷорӣ рух  дод,  боиси  нигаронии  тамоми  аҳли  ҷомеаи  байналмилал,  бахусус сокинони  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  гардид.   Ҳар  як  фарди  ватандӯстӣ  Ҷумҳурии  Қазоқистон  бояд дарк  намояд, ки  манфиатҳои  миллӣ, ҳифзи  марзу  бум, сиёсат, давлат ва  рушду  нумуи зиндагии  инсонҳо   танҳо дар ваҳдату  якдигарфаҳмӣ маҳсуб  мешаванд. Вазъи  иӯузаи  олам ноором буда,  муноқишаҳои  мазҳабиву  миллӣ рӯ  ба  афзоиш  аст.  Шуморо лозим аст, ки  имрӯз аз  ҳарвақта бештар  дилҳоро пок аз  кинаҳо карда,  марзу  буми кишвари  азизатонро  дар  амнияту осоиш нигоҳ доред, ба  ҳар  қиммате, ки  набошад.  

Мо   кулли  сокинони  Ҷумҳурии  Тоҷикистон амалҳои   номатлубу  иғвоангези  як  гурӯҳ  шахсоне, ки  ғайриқонунӣ   амал  намуда, мардуми осоиштаи  Қазоқистон, аз  ҷумла сокинони  шаҳрҳои калони  саноативу тиҷоратӣ,  бахусус Алмааторо ба  вартаи  ҳалокатбори  ҷангу хунрезӣ ва харобкорӣ  ғарқ  карданд  маҳкум  менамоем.  Боварии  комил  дорем, ки  мардуми соҳибииродаи матину ақли солими қазоқ бояд дарк  намоянд, ки он ҳама нооромиҳо  дар кишварашон  рух  дода   аз  ҷониби  баъзе  гурӯҳхои  ҳангоматалаб дар хориҷи  кишвар таҳрезӣ  мегарданд.  

Ҳодисаҳои  нангини  дар  Ҷумҳурии  Қазоқистон ба  амал  омада  кулли  мардуми  кишвари  моро   ба  таҳлука  андохтааст. Вазъи  гузаштаи  начандон  дур барои  мо  сабақест. Мо  мардуми  Тоҷикистон   шаҳди  ин  фитнаю  хусуматро  чашида  хулосаи  худро  баровардаем.   Имрӯзҳо   низоми  давлатдории  миллӣ, волоияти  қонун , сохторҳои  қудратӣ  фаъолияти  густурда  доранд.  Ҳар  як  ҷиноят,  ҷинояткор  ва  гунаҳгор  дар  назди қонун беҷазо  намемонад.

Ба  мардуми  бофарҳангу  меҳмондӯсти Қазоқистон  муроҷиат  намуда, хоҳиш  менамоем, ки  ҳаргиз  иҷозат  надиҳед, ки  нохалафони  даст  ба  иғво  зада ба  сари  мардум кулфату  ғам  оранд.  Ҳар  нафаре, ки  даст  ба  ҷиноят   мезанад  дар  асоси  Қонунҳои  Ҷумҳурии  Қазоқистон ҷазои  худро бояд гирад.

Боварии  комил  дорем, ки кулли  мардуми  шарифи  Қазоқистони  бародар   ҳеҷ  гоҳ  ба  як  гурӯҳ ҷавонони  фиребхӯрдаву ноогоҳ, ки  бо  дассисаи душманони  хориҷӣ даст  ба  нооромиҳо   задаанд,  иҷозат  намедиҳанд.

Бо  итминони  комил  метавон  гуфт, ки    мо  мардуми  шарифи  Тоҷикистон  ҳамеша  хостгори  сулҳу  салоҳ, тинҷию  оромӣ  ва  гулгушукфию ободии   Ҷумҳурии  Қазоқистони  бародар  ҳастем  ва  дар  ҳар лаҳзаи  зарурӣ  барои  дасти ёрӣ  расонидан  дар таъмини тинҷиву  оромӣ сулҳу  суботи  бародарони  қазоқ   омодаем. 

Муродов Р., муовини  раисудири шуъбаи ташкилӣ  ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи   ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg