БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - ТАТБИҚГАРИ САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР

НОРАК. Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳбалад” вохӯрӣ  баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумриниссо Гулмуродзода ва мудири шуъбаи кор бо занони КИВ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҷабзода Қурбонгул оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баромад  намуда, иброз доштанд, ки амалигардонии ҳадафи стратегии кишвар  саноатикунонии босуръат имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда мешавад. Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2360 расонида шуд.

Танҳо соли 2021-ум 256 коргоҳу корхонаи нав бо 2500 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз намуд. Аммо бо вуҷуди имтиёзу сабукиҳои зиёди пешниҳодгардида имконияту иқтидорҳои истифоданашуда барои боз ҳам тезонидани суръати саноатикунонӣ ҳанӯз зиёданд.

Зеро захираҳои бузурги ашёи хоми ватанӣ имкон медиҳад, ки тавассути коркарди пурраи маъдан, аз ҷумла металлҳои рангаву қиматбаҳо, инчунин, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш соҳаҳои саноати металлургия, сабуку хӯрокворӣ ва дорусозӣ рушд намуда, дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот афзоиш меёбад ва саноатикунонии босуръати мамлакат таъмин карда мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg