БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИҲО ОИД БА ТАРҒИБИ ПАЁМ

ЛЕВАКАНТ.  Дар ташкилоти ибтидоии “Муассисаи давлати таълимии”ЛКСК”-и шаҳр бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Султонов Ҳ., мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Левакант Халилова Н., собиқадори меҳнат Кабиров М., сармуҳарири Рӯзномаи «Нури Сарбанд» Ашуров О., сармутахассиси бахши кор бо САҲШ Ширинзода М., ва сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Сафарзода Ш., оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат бо донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаи мазкур вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ Султонов Ҳ. раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, вобаста ба афзалият додани соҳаи маориф аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ибрози назар намуд.

Сипас. Дигар баромадкунандагон низ  дар самти пешгирии ҷавонон ва занону духтарон аз ҷиноят, пешгирӣ аз пӯшидани сару либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, ба касбу ҳунар ҷалб гардидани духтарон андешаронӣ намуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg