БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИҲО ВОБАСТА БА ПАЁМ ИДОМА ДОРАНД

ЁВОН. Дар партави Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар тамоми гӯшаву канори ноҳияи Ёвон суҳбату вохӯриҳо бо аҳолӣ идома дорад.

Чунин, як вохӯрии судманд бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимзода Толибхон дар ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав бо интихобкунандагон доир карда шуд. Дар рафти баргузории вохӯрӣ фаъолон, омӯзгорон, занон ва ҷавонон иштироки фаъолона намуданд.   Дар вохӯрӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ роҷеъ ба муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ гардида, таъкид карда шуд, ки  дар Паём тамоми паҳлуҳои ҳаёти имрӯзаи мардуми кишвар баррасӣ гардид. Хосса  нақш ва манзалати занону ҷавонон дар идоракунии давлатӣ баланд гардида,  андозаи аз 20 то 25 фоиз зиёд гардидани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, вазъи имрӯзаи Афғонистон, соддагардонии низоми андозбандӣ, рушди илму маориф ва фарҳанг, тандурустӣ ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ба мақсад мувофиқ аст.

Дар фарҷоми вохӯри аз ҷониби иштирокчиён ба вакили мардумӣ саволу пешниҳод ва дархостҳо пешниҳод карда шуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg