КӮШОНИЁН. Бо мақсади дастгирию кумак ба оилаҳои ниёзманду маъюб, дар доираи амалисозии Аксияи ҳизбии “Кумак ба маъюбон!” корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Бобомуродов Манучеҳр амалҳои саховатмандию башардӯстонаро идома дода, ин навбат ба як оилаи маъюбдошта аз ҷамоати шаҳраки Бохтариён деҳаи Дӯстӣ Касирова Нилуфар кумаки яквақтаина расонид.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ зимни расонидани кумак иброз доштанд, ки дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, аз ҷумла маъюбон, ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ғамхориҳои Пешвои миллат қарор доранд ва дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.