БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

БАЛҶУВОН. Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми сокинон пайваста аз тарафи гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда истодааст.

Вохӯрии навбатӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Маърифат Қурбонова дар муассисаи таълими № 1-и ноҳияи Балҷувон оид ба Паём суҳбат миёни омӯзгорон ва хонандагони синфҳои 11-ум гузаронида шуд.

Дар рафти вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки ҷавонон бояд ҳамеша дари ҷустуҷӯи илму донишҳои муосир, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намоянд, ба ватану миллат ва давлати соҳибистиқлоли хеш содиқ бошанд, сарзамини аҷдодиро самимона дӯст доранд, сулҳу оромӣ, суботу сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳимоя ва ҳисси баланди миллии худро ҳифз намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg