КӮШОНИЁН. Бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳадафҳои ҲХДТ байни ҷавонон бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъулин доир ба масъалаҳои интихоби касб, истифодаи бомақсади телефони мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ, омӯзиши амиқи илму дониш - махсусан фанҳои дақиқ, омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суҳбат гузарониданд.
Баромадкунандагон ҳамчунин, вобаста ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва масъалаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ибрози назар намуданд.