БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРРАСИИ ПАЁМ ДАР МАҲАЛ

ДӮСТӢ. Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ мулоқоти и.в.раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Даврон Назаралӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Абдулҳафиз Қурбонов ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидшо Асроров бо аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ доир гардид.                       Вобаста ба ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки дар он тамоми самтҳои рушди сиёсӣ ва иҷтимоӣ, иқтисоду саноат ба хотири баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум ба шумор мерафт,  дар байни иштирокчиён маърӯзаҳо карда шуд.  Нишонзода Даврон дар суханронии худ ба тамоми раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзову ҷонибдорони ҳизб дар ноҳияи Дӯстӣ дастур дод, ки пайваста аз сиёсати оқилонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ намуда, дар таъсиси саҳифаҳои интернетии Фейсбук ва пешниҳоди андешаву вокунишҳо бар зидди маводҳои муғризонаи ифротгароён бетарафӣ зоҳир нанамоянд.   Инчунин,  Абдулҳафиз Қурбонов, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидшо Асроров, Абӯбакр Ҷалолов ва Саидмухтор Зоиров вобаста муҳтавои Паёми Пешво ва ҳадафҳои барномавии ҲХДТ суханронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg