ДӮСТӢ. Вохӯрии раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати шаҳраки 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Раҷаббек бо сокинон ва ҷонибдорони ҳизб дар деҳаи Шаҳринав доир гардид.
Зимни вохӯрӣ вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ Абдуллоев Раҷаббек ва Навкаров Санобаршо ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварро дар байни сокинон шарҳу тавзеҳ дода, таъкид карданд, ки татбиқи дастуру супориши аз Паём бароянда вазифаи ҷонии ҳар яки мо мебошад.