БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОНРО ЗАРУР АСТ, КИ АЗ АМАЛҲОИ ИФРОТӢ КАНОРАҶӮӢ НАМОЯНД

АНДЕША. Аксариятан нисбат ба дигар шахсони қишрҳои ҷомеа бештар ҷавонон фирефтаи дурӯғу дассисаҳои гурӯҳҳои ифротӣ гардида, ба ин ин гурӯҳо шомил мешаванд. Сабаби асосии ин омилҳо ба андешаи ман аз рӯи камсаводӣ, бесаводии динӣ, зудбовару гумроҳ будани як зумра ҷавонон  мебошад.

Ҳастанд ҷавононе, ки имрӯзҳо аз сабабе, ки саводи кофӣ надоранд ба ҳизбу созмонҳои хусусияти экстремистидошта, гурӯҳҳои ҷангҷӯю тундрав шомил мешаванд. Ва ин гурӯҳҳои тундрав аз ин ҷавонони гумроҳ истифода намуда, оромиву суботи ҷомеаро халалдор месозанд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон таъкид карданд, ки “...бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хуруфот ҷомеа ба ҷое намерасад. Хуруфот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад....”

Пас, мо ҷавонони бомаърифат ва ояндасози миллатро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ ва шароити мусоиди фароҳамкардаи Ҳукумати мамлакат, дастуру ҳидоятҳои дар Паёми Президенти мамлакат ироашударо сармашқи кори худ қарор дода, пайваста илмҳои муосир ва забонҳои хориҷиро хуб аз бар намуда, ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва инсонпарвариро дошта бошем. Мо ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошем, на танҳо худамон аз амалҳои ифротию хиёнат ба миллату давлат канораҷӯӣ намоем, балки ба дигарон низ оқибатҳои ҳалокатбори ин амалҳои номатлубро тавзеҳ дода, худшиносиву ватандӯстиро дар вуҷуди ҳар як шахс бедор созем ва дастгиру тарғибгари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ободкории Ватани азизамон бошем.

Чун мо ҷавононро ояндаи миллат мегӯянд, пас набояд нисбати тақдири ояндаи ҳамсолонамон, дӯсту рафиқамон, хешу таборамон  бетараф бошем. Моро зарур аст ҳамвора дар пайи ислоҳи ҳамдигар бошем ва нагузорем, ки кадом як ифротгару фитнаҷӯй бо дурӯғу дассисаҳояшон бародару дӯстонамонро ба мо бегона намояд ва моро ба модар-ватан, ин миллату ҷомеа, ин кишвари биҳиштосову қаҳрамонҳое, ки барои ин миллат лозим шавад ҷони худро дареғ намедоранд, душман созанд.

Мирзоева Г., сокини ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg