ВОСЕЪ. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, аз ҷониби нафарони саховатпеша ба бошандагон ва кормандони хона-интернати бемориҳои руҳӣ беш аз 200 адад туҳфаҳо тақдим карда шуд.
Бояд қайд кард, ки дар хона-интернати бемориҳои руҳӣ беш аз 200 нафар маъюбон зери назорати мутахассисон қарор дошта, барои онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷониби шахсони хайрандеш мунтазам кумак ва дастгириҳои гуногун ба бошандагони ин хона-интернат расонида мешавад.
Аз ин иқдоми хайрхоҳона маъюбон хушҳол гардида, миннатдории самимонаи худро изҳор доштанд.