ВОСЕЪ. Яке аз оилаи саховатманд дар ноҳияи Восеъ, ки мунтазам дар корҳои хайр саҳмгузорӣ менамояд, бо нишони аълочии ифтихории маориф ва илми Тоҷикистон мушарраф гардид. Иқдомҳои бародарони соҳибкорро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони 10 (даҳ) синфхона қадрдонӣ намудааст.
Бояд қайд, намуд, ки оилаи хайрхоҳ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳадати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашнҳои сиёсӣ, иду маъракаҳо ба шахсони эҳтиёҷманд дасти кумак дароз намуда, дар сохтмони ду майдончаи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, чоҳҳои амудӣ, таъмири ҳаммоми хона-интернати бемориҳои руҳии ноҳия ва дигар корҳои созандагӣ саҳми худро гузоштаанд.
Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ бо сипоснома ҷиҳати саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сарфароз гардидааст.