БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАЪОЛОНИ ҲИЗБ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

БАЛҶУВОН. Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон маҷлиси Кумитаи иҷроия бо иштироки и.в. раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр Ғанӣ, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят Ишмуродов Ҳакимҷон, аъзои Кумитаи иҷроия ва Раёсат, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, кормандони масъули ҳизб баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҳисоботии Кумитаи иҷроия натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроия дар соли 2021 ва нақшаҳо барои соли 2022, натиҷагирӣ аз ҷамъбасти обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “ Ҳамрози халқ”

ҳисоботи роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Балҷувон аз натиҷаи фаъолият дар соли 2022, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроия барои соли 2022, тасдиқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувоноид ба вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон дар самти шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.12.2021, тасдиқи буҷа ва воҳидҳои кории Кумитаи иҷроия барои соли 2022,

тағйирот дар ҳайати Кумитаи иҷроия ва Раёсат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои қарорҳо якдилона қабул карда шуд.

Дар идома Сафарзода Бахтиёр Ғанӣ миннатдории худро ба аъзои фаъоли ноҳия, ки барои амалисозии ҳадафҳои ҳизб саҳми худро расонидааанд баён дошта, оид ба бартараф кардани  камбудиҳои ҷойдошта изҳори нигаронӣ намуд.

Масъулини Кумитаи иҷроия тасмим бар он гирифтаанд, ки камбудиҳои дар ин самт ҷойдоштаро бартараф гардонида, баҳри амалисозии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ нақши муасири хешро мегузоранд.

Дар интиҳо, аз ҷониби Кумитаи иҷроия дар ҳузури аъзои Раёсти Кумитаи иҷроия, аъзои фаъоли ҳизбӣ бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроия қадрдонӣ карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg