БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВО – ДАСТУРАМАЛ БАҲРИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

ҶАЙҲУН. Санаи 10-уми январи соли ҷорӣ тибқи Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади расонидани муҳтаво ва шарҳу тавезҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Панҷ бо иштироки зиёда аз 80 нафар фаъолону сокинони ҷамоат вохӯрии судманд доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод, муовини раиси ноҳия Бахтдавлатзода Гулбаҳор ва намояндагони ВАО - и ноҳия иштирок дошта, вобаста ба баррасии нуқтаҳои асосии Паём суханронӣ намуданд.

Нахуст раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод суханронӣ намуда иброз дошт, ки пеш аз ҳама дар ин ҳуҷати тақдирсоз Пешвои миллат ҳамаи он пешравию навгониҳои соли 2021-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, диққати аҳли ҷомеаро ба идомаи чунин амалҳои неку созанда ҷалб намуд. Ҳамчунин, баён доштанд, ки тули ин солҳо бо заҳмату талошҳои мардуми сарбаланди тоҷик кишвари азизамон Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба комёбиҳои назаррасе ноил гашта истодааст. Хусусан рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша назаррас буда, сол то сол шароит ва имкониятҳои илмомӯзӣ беҳтар гаштаистодааст. Аз ин лиҳоз моро зарур аст Паёми навбатии Президенти кишварро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати амали гаштани он ҳарчи бештар ва содиқона талош варзем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg