Ш.ШОҲИН. Дар мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки раиси Кумитаи ичроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Назарзода Толибчон Мирзомад, узви Кумитаи ичроияи вилоятиву ноҳиявии ҳизб, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсиддин ва кормандони касбу кори гуногун вохӯрӣ доир гардид.
Дар ин вохӯрӣ сараввал раиси Кумитаи ичроияи ноҳиявии ҳизб Назарзода Толибчон ба сухан баромада, қайд намуд, ки Паёми имсолаи кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз паёмҳои қаблӣ ба кулли тафоввут дошта, Сарвари давлат бурду бохти соҳаҳои мухталифи чомеаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, камбудиҳои соҳаҳоро возеҳу равшан манзури сокинон гардониданд, роҳу усулҳои бартараф намудани онҳоро аз масъулини соҳа хоҳиш ва дар иҷрои супоришҳои ҳизбию давлатӣ дар назди иштирокчиён вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Дар радифи суханони раиси Кумитаи ичроия, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсиддин ба сухан баромада, нуктаҳои асосии Паём мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, таъкид сохт, ки моро мебояд, ки дар асоси дастуру супоришҳои ҳукумати кишвар пайваста амал намуда, кору фаъолият намоем.