БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИГЗОР ДАР ДАВЛАТИ ДӮСТУ БАРОДАРИ МО СУЛҲУ ОСОИШТАГӢ БАРҚАРОР ГАРДАД

АНДЕША. Имрӯзҳо тариқи расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои интернетӣ мушоҳида мекунем, ки дар Ҷумҳурии Қозоқистони дӯсту бародари мо ҷавонони гумроҳ бо ҳамроҳӣ ва роҳбарии гурӯҳҳои аз хориҷа омада, ки аз хориҷа роҳбаладӣи ва сарпарастӣ мешаванд ба гирдиҳамоиҳо даст зада, ба давлат зиёда аз 100 миллион доллари амрикоӣ зарар оварданд.

Натиҷаи ин гирдиҳамоиҳо ва бетартибиҳо, ки  дар давоми ин рӯзҳо давом ёфта истодааст, даҳҳо нафар одамон кушта ва садҳо нафари дигар захмин шудаанд.Илова бар ин дар сафҳои ин гурӯҳҳо ҷангҷӯёни ташкилотҳои террористиву экстремистӣ низ ҳастанд, ки бо ваҳшонияти худ  бо ҷудо намудани сар аз тан дар давлатҳои ҷангзадаи Сурияву Ироқ фаъолият мекардаанд. Барои  барпо намудан ва таъмини  сулҳу осоиштагӣ ба Ҷумҳурии Қозоқистон бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Қозоқистон сарбозони сулҳҷӯён аз давлатҳое, ки аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (ОДКБ), ки Ҷумҳурии Қозоқистон аъзои ин созишнома  мебошад, гурӯҳҳои махсус барои муҳофизати иншоотҳои муҳими давлатӣ сафарбар карда шуданд. Аз Тоҷикистони  мо низ қариби 200 нафар сарбозони далеру шуҷо бо лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ барои  кумак ба ин давлати дӯсту бародари мо равон карда шуданд. Ман он гирдиҳамоиҳо, бетартибиҳо ва куштори кормандони сохторҳои қудратиро,  ки дар давоми рӯзҳои гузашта ба ба амал омадаанд, сахт маҳкум намуда,  аз шаҳрвандони ин  давлати дӯсту бародари мо хоҳиши онро дорам, ки бо сабру таҳаммулпазирӣ бошанд, давлати ободи худро бо дасти худашон ноором накунанд.

Ба сарбозони шуҷоъу далери Тоҷикистонамон, ки барои мусоидат намудан ба таъмини сулҳу оромӣ ба Ҷумҳурии Қозоқистон сафарбар карда  шудаанд,  хоҳони онам, ки сиҳату саломат ба Ватан баргарданд.

Ҷовидон Мирзоқулов,  мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg