БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРӢ БЕҲТАР АСТ АЗ ТАБОБАТ

АНДЕША.  Тайи солҳои охир, ҷомеаи ҷаҳонро хатари бемории сироятии КОВИД-19 фаро гирифтааст. Ҳамаи мову шумо нисбати ин бемории марговар чӣ тариқи шабакаҳои интирнетӣ, чӣ тариқи мутахассисони соҳаи тиб маълумотҳои дахлдорро дастрас кардаем. Ин бемории хартарафзо чун вабои аср дар байни халқиятҳои гуногуни дунё пайдо шуда, торафт авҷ гирифтааст.

Дар урфият низ мегӯянд, ки “Пешгирӣ беҳтар аст аз табобат”. Оре, чунин аст, барои пешгирӣ намудан аз хатари дучоршавӣ ба ин бемории марговар ҳамаи моро зарур аст, ки сараввал гигиенаи шахсиро риоя намоем. Бо мақсади пешгирӣ аз вируси мазкур бо ҷалби мутахассисони соҳаи тиб дар ҷаҳон, ваксина барои пешгирӣ аз ин беморӣ тайёр намуданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳофизат аз сирояти КОВИД-19 ваксинаи бехатар ва самаранокро ворид намудааст. Дар асоси тадқиқотҳои илмӣ, васеъ, дақиқ ва ҳамаҷониба ваксинаҳои зидди КОВИД-19, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода тавсия ва амалӣ мегардад. Ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин муҳофизат аз аҳолӣ мебошад. Мувофиқи нақшаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани ваксинаҳо ва вобаста ба дастрасии онҳо гурӯҳҳои муайянгардида иммунизатсия карда мешаванд.

  • Кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ ва нафарони аз 60сола боло.
  • Нафарони аз 50 сола боло ва дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ
  • Нафарони аз 18 сола боло

Тибқи ҳисоботҳои бадастрасида то санаи 15 марти соли 2021, сирояти КОВИД-19 сабабгори фаврӣ беш аз 2-62 млн. нафарро дар саросари ҷаҳон қурбонӣ намуд.  Ҳамаи моро зарур аст, ки барои муҳофизат намудани худ ва наздиконамон аз сирояти КОВИД-19, худро аз иммунизатсия гузаронида, аз хатари сироятёбӣ ба ин вабои аср мубориза барем.

Сабоҳат Салимова, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ  дар ноҳияи Вахш

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg