БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН РАВШАН ТАҶАССУМ ЁФТААСТ

Н.ХУСРАВ. Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Носири  дар  ҳамкорӣ  бо  мақомоти   иҷроияи   ҳокимияти  давлатии  ноҳия  гурӯҳҳои  муштараки  корӣ  таъсис  дода, нуктаҳои  Паёми  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии   Тоҷикистон  дар  бораи  самтҳои  асосии  сиёсати дохилӣ  ва  хориҷии  ҷумҳуриро ба  сокинон фаҳмонида истодаанд.

Дирӯз  гурӯҳи кории Кумитаи  иҷроия дар  кохи фарҳангии ноҳия бо кормандони ташкилоту  муассисаҳо, раисони ташкилотҳои   ибтидоӣ, сокинони   суҳбату  вохӯриҳо  оид ба  шарҳу тавзеҳи Паёми  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  баргузор  намуданд.

Роҳбари  гурӯҳи   муштарак  раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  Ализода  Сурайё  баромад  намуд,  қайд  кард, ки  Паёми  навбатии  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз  пешрафту устувори  кишвар дар  роҳи  расидан  ба  ҳадафҳои  стратегӣ  башорат медиҳад. Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли ҳарвақта хеле фарогир буда, шурӯъ аз қишри осебпазири ҷомеа, маъюбону ниёзмандон то баррасии мушкилоти соҳибкорони ватанӣ, саоатикунонии  босуръати  кишвар, ки муҳаррики асосии иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб мераван, дар бар гирифт.

Таҳлилҳо ва рақамҳои дар Паём зикршуда аз он далолат менамоянд, ки Роҳбари давлат аз ваъзи воқеии масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дурнамои дигар соҳаҳои калидии кишвар комилан иттилоъ дошта, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва замина гузоштан барои рушди самтҳои муҳим, ки зиндагии босаодати мардуми кишвар аз он алоқаманд аст, тасмимҳои ҷиддӣ мегиранд.

Бояд гуфт, самтҳои асосие, ки дар Паёми Пешвои миллат иброз гардиданд, бевосита ба барномаҳои пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳизби мо алоқаманд буда, пурра бо нақшаҳои барномавӣ мувофиқат мекунанд ва дар бахшҳои муназзам беҳбуд бахшидани ҳаёти сокинони мамлакатро баррасӣ менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg